Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз манотиқи ҷумҳурӣ боздид мекунад

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз сафар ба ноҳияҳои Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон баргашт. Дар ноҳияҳои номбурда ӯ бо фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ шинос гардида, бо аҳолии ноҳияҳо як қатор вохӯриҳо доир сохт. Роҳбари маркази таҳлилии […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз сафар ба ноҳияҳои Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон баргашт. Дар ноҳияҳои номбурда ӯ бо фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ шинос гардида, бо аҳолии ноҳияҳо як қатор вохӯриҳо доир сохт.






Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода изҳор дошт, ки ин нахустин сафарест, ки М.Кабирӣ ба сифати раиси ҳизб анҷом дод.





«Дар вохӯриҳо аҳолӣ аз мушкилоти рӯзмарраи худ ҳарф заданд, – гуфт сарчашма. – Аз ҷумла, дар ноҳияи Шӯрообод масъалаи тақсими ноодилонаи замин, дар ноҳияи Ховалинг масъалаи таъмини маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ бо нафақа то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст».





Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, ки аҳолӣ мехост, назари раиси ҲНИТ-ро нисбат ба «салафиён» бифаҳмад, вале М.Кабирӣ аз шарҳи он худдорӣ кард.





«Ин дафъа байни ҲНИТ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳеҷ нофаҳмие рух надод, – идома дод мнбаъ. – Илова бар ин, раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов шахсан бо М.Кабирӣ мулоқот намуд».





Тибқи иттилои манбаъ, аз 11 то 20-уми июл раиси ҳизб аз вилояти Суғд боздид мекунад: 11-уми июл ӯ бо аҳолии ноҳияи Айнӣ, 12-уми июл бо аҳолии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва 13-уми июл бо аҳолии ноҳияи Панҷакент чунин вохӯриҳо барпо месозад.





«М.Кабирӣ 20-уми июл бо аҳолии шаҳри Хуҷанд мулоқот хоҳад кард ва бо ҳамин сафари ӯ ба вилояти Суғд ба анҷом мерасад», – афзуд Ҳ.Сайфуллозода.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.