«Тоҷиксодиротбонк» ба молиягузории соҳаи моҳипарварӣ дар Кӯлоб шурӯъ кард

Кӯлоб. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯъбаи бонки «Тоҷиксодиротбонк» дар Кӯлоб барои нахустин бор ҷиҳати рушди соҳаи моҳипарварӣ қарз ҷудо намудааст. Сардори шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов иттилоъ дод, ки дар хоҷагии деҳқонии ба номи А.Назаров, ки дар канори шаҳри Кӯлоб воқеъ асту ҳавзи моҳипарвариаш солҳо бекор мехобид, тасмим гирифтанд, аз нав ба моҳипарпварӣ машғул шаванд. […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯъбаи бонки «Тоҷиксодиротбонк» дар Кӯлоб барои нахустин бор ҷиҳати рушди соҳаи моҳипарварӣ қарз ҷудо намудааст. Сардори шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов иттилоъ дод, ки дар хоҷагии деҳқонии ба номи А.Назаров, ки дар канори шаҳри Кӯлоб воқеъ асту ҳавзи моҳипарвариаш солҳо бекор мехобид, тасмим гирифтанд, аз нав ба моҳипарпварӣ машғул шаванд. Бонк ба ин мақсад ба онҳо дар марҳилаи аввал ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ қарз ихтисос додааст.




Ба гуфтаи ӯ, миёни муштариёни «ғайриоддии» бонк занбӯриасалпарварон низ ба андозаи 20 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаанд.



А.Неъматов изҳор дошт, ки муштариёни боқимонда ҳама анъанавӣ – саноатчиён, сохтмончиён, нақлиётчиён, пахтакорон ва соҳибкорон мебошанд.



«Дар нимсолаи аввал ба ҳама соҳаҳо аз ҷониби бонк ба маблағи 8 млн. 36 ҳазору 242 сомонӣ қарзҳо ҷудо гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1 млн. сомонӣ бештар аст», – гуфт корманди бонк ва афзуд, ки ҷудо кардани маблағи қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ афзудааст ва аз рӯи ин нишондиҳанда он ба мақоми дуввум баромадааст.



«Ба ин соҳа дар нимсолаи аввал ба маблағи 2 млн. 983 ҳазору 880 сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи пахтакорӣ қариб 2,5 млн. сомонӣ қарзҳо ихтисос дода шудаанд», – таъкид сохт А.Неъматов.



Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин масъала чун анъана соҳибкорон ва тоҷирон пешқадаманд ва онҳо дар ин давра 4 млн. 96 ҳазору 173 сомонӣ қарз гирифтаанд.





 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...