Кормандони агентии назорати маводи нашъаовар дар Афғонистон чор лабораторияи истеҳсоли маводи мухаддирро нест карданд

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсояи Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1 тонна маводи мухаддирро мусодира карда, дар қаламрави ин кишвар чор лабораторияи истеҳсоли онро нест карданд. Муовини аввали директори агентӣ Вайсиддин Азаматов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсояи Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1 тонна маводи мухаддирро мусодира карда, дар қаламрави ин кишвар чор лабораторияи истеҳсоли онро нест карданд.






Муовини аввали директори агентӣ Вайсиддин Азаматов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сатҳи ҳамкории мақомоти қудратии Тоҷикистону Афғонистон қаноатбахш аст. Вай баён дошт, ки чанде қабл дар агентӣ бо вазири корҳои дохилии Афғонистон мулоқот доир гардид, ки дар он бобати роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор пешниҳодҳо ироа гаштанд.





В.Азаматов таъкид сохт, ки маълумоти изҳордоштаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон оид ба дар 22 вилояти Афғонистон барҳам додани кишти нашъа саҳеҳ аст. «Масалан, дар вилояти Бадахшон соли гузашта бори нахуст кам гардидани заминҳои кишти нашъа ба мушоҳида расид, – гуфт ӯ. – Дар вилоятҳои шимолии Қундуз ва Тахор истеҳсоли нашъа умуман ба қайд гирифта нашудааст».





Мавсуф зикр кард, ки айни замон дар кишвари ҳамҷавор маъракаи фаъоли нест кардани киштзорҳои нашъа ҷараён дорад ва аз ин рӯ, шояд соли равон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд нагардад (соли гузашта дар Афғонистон ба миқдори 8,2 тонна ҳосили нашъа ҷамъоварӣ карда шуда буд).





Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2008 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ 52 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, ба миқдори 952 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки 241 килои он ҳероин буда, 426 килояш афюнро ташкил медод. Дар маҷмӯъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 24,3 дарсад бештар аст.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.