Қотилони рӯзноманигори рус ба гуноҳашон иқрор намешаванд

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд. Ӯ қайд […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд.






Ӯ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти санадҳои тафтишоти пешакӣ, М.Ятимов бо И.Шурпоев аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои «Таганская шинос шудааст. Он замон рӯзноманигор худро чун соҳибкор бо номи Марат муаррифӣ карда, ба ӯ рақами телефонашро медиҳад. «То ҳамон рӯзи шум ман ӯро якчанд маротиба дидам ва дар яке аз чунин вохӯриҳо ӯро бо дӯсти худ Наҷмиддин Муҳиддинов шинос кардам, – гуфт ҳангоми пурсиш М.Ятимов. – Дар таърихи 20-уми март рӯзноманигор ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи Муҳиддинов барои вақтгузаронии маҳрамона назди ӯ оем ва ваъда дод, ки барои як соат ба дӯстам 3 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Он замон Муҳиддинов ба героин гирифтор буд ва аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашид. Мо соати 9-и шаб ба хонаи ӯ омада, муддати якчанд соат он ҷо мондем ва ҳангоми рафтан И.Шурпоев ба дӯсти ман танҳо 500 рубли русӣ пардохт намуд. Аз ин Муҳиддинов ба ғазаб омада, байни онҳо ҷанҷол шурӯъ шуд. Ман хостам, ки онҳоро халос кунам, вале Шурпоев маро ба як тараф тела дод. Дар ин замон Муҳиддинов ба ӯ ҳуҷум карда, бо тасмае, ки дар гардани ӯ буд, Шурпоевро буғӣ кард. Пас аз ин ӯ кордро гирифта гардани ӯро бурид, ҳарчанд ӯ аллакай намеҷунбид».





Судя ҳамчунин иҳор дошт, ки Н.Муҳиддинов низ ба гуноҳаш иқрор намешавад. «Шурпоевро ман накуштаам, – таъкид кард ӯ. – Ҳангоме ки ман ба гулӯи ӯ кордро гузоштам, Шурпоев аллакай аз тарафи М.Ятимов буғӣ шуда буд».





Ш.Азимов зикр кард, ки айбдоршавандагон пас аз қатли рӯзноманигор хонаи ӯро оташ зада, соатҳои 2-и шаб аз ҷои ҳодиса фирор крдаанд. Онҳо амволи марҳум – ноутбук, соати швейтсарӣ, телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 150 ҳазор рубли русиро низ ҳамроҳи худ гирифтаанд, ки баъдтар онро миёни худ 75 ҳазор рублӣ тақсим кардаанд.





Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.







Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.







Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.







Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.