Маркази САҲА баргузории Мактаби тобистонаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсонро дастгирӣ мекунад

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Варзоб бо дастгирии Маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Мактаби тобистонаи оммавии омӯзиши ҳуқуқи инсони Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба фаъолият шурӯъ мекунад. Корманди масъули шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Маркази (САҲА) Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Варзоб бо дастгирии Маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Мактаби тобистонаи оммавии омӯзиши ҳуқуқи инсони Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба фаъолият шурӯъ мекунад.




Корманди масъули шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Маркази (САҲА) Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар мактаб бо 20 нафар донишҷӯёни бахшҳои иқтисоди макотиби олии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд дар мавзӯи асосҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон ва механизмҳои дифоъ аз он машғулиятҳо гузаронида мешаванд.



«Дафъаи ҳаштум аст, ки бо дастгирии Маркази САҲА дар Душанбе чунин мактабҳо ташкил карда мешаванд, – идома дод ӯ. – Соли равон ҷиҳати баргузории мактаб ҳамчунин бо созмонҳои дигари байнулмилалӣ, аз қабили Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили гурезагон ва Агентии рушди Швейтсария муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.