Муаллимони Роғуну Нуробод соҳиби дипломи маълумоти миёнаи омӯзгорӣ мешаванд

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз 47 нафар омӯзгорони шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, ки курсҳои дусолаи бозомӯзии муаллимонро хатм карданд, соҳиби дипломи маълумоти миёнаи омӯзгорӣ мешаванд. Аз Маркази идоракунии лоиҳаҳои соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки курсҳо бо ташаббуси вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои такмили ихтисоси омӯзгороне, ки маълумоти тахассусӣ надоранд, созмон […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз 47 нафар омӯзгорони шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, ки курсҳои дусолаи бозомӯзии муаллимонро хатм карданд, соҳиби дипломи маълумоти миёнаи омӯзгорӣ мешаванд.




Аз Маркази идоракунии лоиҳаҳои соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки курсҳо бо ташаббуси вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои такмили ихтисоси омӯзгороне, ки маълумоти тахассусӣ надоранд, созмон дода шудаанд.



Ёдрас мекунем, ки курсҳои мазкур ҷиҳати бозомӯзии муаллимони дорои маълумоти миёнаи умумӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф ба таври сканҷишӣ дар панҷ шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Ваҳдат, Роғун, Восеъ, Файзобод ва Нуробод) ташкил карда шуданд ва имрӯз 23 нафар муаллимони ҷавони шаҳри Роғун ва 24 нафар омӯзгорони ноҳияи Нуробод соҳиби диплом мешаванд.



Мувофиқи маълумоти ахири Вазорати маорифи ҶТ, макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба беш аз 6 ҳазор нафар омӯзгор ниёз доранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.