Бобати таҳқиқи ҳодисаи муноқишаи Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд

             Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нисбат ба таҳқиқи ҳодисаи муноқишаи ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо коргарони Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» кор мекунанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар задухӯрд тахминан 30-40 нафар иштирок доштаанд. «Мо маълумоте дорем, ки миёни коргарони Чин […]

Наргис Ҳамробоева / Бахтиёр Валиев


             Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нисбат ба таҳқиқи ҳодисаи муноқишаи ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо коргарони Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» кор мекунанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.




Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар задухӯрд тахминан 30-40 нафар иштирок доштаанд. «Мо маълумоте дорем, ки миёни коргарони Чин нафароне будаанд, ки қаблан доғи судӣ доштаанд, – изҳор дошт манбаъ. – Тибқи қонунгузории кишвари мо, шахси доғи судӣ дошта муддати панҷ соли пас аз адои ҷазо ҳуқуқ надорад қаламрави кишварро тарк намояд ва акнун лозим аст, муайян созем, ки ин нафарон чӣ тавр ба Тоҷикистон омадаанд».



Ёдрас мекунем, ки дар шоми рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд миёни ҷавонони маҳаллӣ ва сохтмончиёни Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» фаъолият доранд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.





Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, сохтмончиёни Чин ба қаҳвахона омада, дар он ҷо бо ҷавонон ҷанҷол мебардоранд. Дар бораи осебдидагону саркардагони задухӯрд маълумоте нест. Танҳо маълум аст, ки аз ҳар ду ҷониб нафарони дар ин ҳодиса дастдошта боздошт шудаанд.





                Шоҳидони ҳодиса баён доштанд, ки задухӯрд дар қаҳвахонаи «Баҳор»-и назди мағозаи маъруфи «Оазис» руй додааст. Сохтмончиёни Чин бо аҳолии маҳаллӣ гапашон напухта, ҷанҷол мекунанд ва пас аз чанде гурӯҳи коргарони Чин омада, бо арматура шишаҳои мағозаҳо ва мошинҳоро ба шикастан оғоз менамоянд. Мағозаи «Оазис», қаҳвахона ва як мағозаи дигар осеб дидаанд.





                Баъди чанд муддате милисаҳо ва гурӯҳи фаврии зудамал он ҷо ҳозир шуда, нафаронеро, ки дар ин задухӯрд даст доштанд, боздошт мекунанд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.