Дар ноҳияи Шӯрообод «Амонатбонк» бори нахуст беш аз 1,5 млн. сомонӣ қарз ҷудо кард

Кӯлоб. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи дар ноҳияи Шӯрообод будаи «Амонатбонк» 1 млн. 519 ҳазору 570 сомонӣ мабалағҳои қарзӣ ихтисос дод, ки бори нахуст 816,5 ҳазори он маблағҳои бевоситаи бонк мебошанд. Раиси шӯъбаи бонк дар ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов таъкид сохт, ки танҳо соли ахир бонк ҳамчун муассисаи қарздиҳанда […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи дар ноҳияи Шӯрообод будаи «Амонатбонк» 1 млн. 519 ҳазору 570 сомонӣ мабалағҳои қарзӣ ихтисос дод, ки бори нахуст 816,5 ҳазори он маблағҳои бевоситаи бонк мебошанд.




Раиси шӯъбаи бонк дар ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов таъкид сохт, ки танҳо соли ахир бонк ҳамчун муассисаи қарздиҳанда ба иҷрои вазифаҳои таъинотии худ ноил гашт.



Ба қавли И.Азизов, ҳукумати Тоҷикистон аз оғози сол ба ноҳия 370 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо кардааст, ки 25 ҳазори он (бо 7 фоизи солона) ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, 30 ҳазор ба соҳаи чорводорӣ ва 315 ҳазор ба ғаллакорон дода шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки ба соҳаи ғаллакорӣ миқдори зиёди қарзҳоро ҷудо кардан бесабаб нест, зеро соли равон ғаллакорони ноҳия вазифадор карда шудаанд, ки ба ҳар сари аҳолии ноҳия (ҳудуди 50 ҳазор нафар) на камтар аз


400 кг

зироати ғалладона истеҳсол намоянд.



«Ғаллакорон ҳамчунин аз қарзҳои бевоситаи бонк 714 ҳазор сомонӣ (бо 36 фоизи солона) ва 40 ҳазор сомонӣ (бо 24 фоизи солона) низ истифода бурданд, – идома дод ӯ. – Дар маҷмӯъ, 329 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

 

аз бонк қарз гирифтанд».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.