Барои баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ $16 млн. маблағ зарур аст, – раиси Кумитаи давлатии омор

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон Мерган Шаҳбозов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки барои баргузории маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии кишвар дар моҳи октябри соли 2010 16 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст. «Бо кӯмаки мушовирони хориҷӣ мо мушаххас сохтем, ки барои баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва нашри […]

Виктория Наумова


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон Мерган Шаҳбозов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки барои баргузории маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии кишвар дар моҳи октябри соли 2010 16 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст.




«Бо кӯмаки мушовирони хориҷӣ мо мушаххас сохтем, ки барои баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва нашри натоиҷи он то соли 2015 16 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки қисме аз ин маблағҳо ҷиҳати ба тартиб овардани номи кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои аҳолинишин сарф шуда, моҳи октябри соли равон дар шаҳри Роғун ва деҳаҳои гирду атрофи он маъракаи санҷишии барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад, ки натиҷаҳои он аввали соли 2009 ба ҳукумат пешниҳод карда мешаванд.



Раиси кумитаи омори ҷумҳурӣ дар фасли тирамоҳ баргузор намудани маъракаи барӯйхатгиро бо он асоснок мекунад, ки дар ин фасл аксари муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан бармегарданд ва «муҳоҷироне ҳам, ки дар хориҷи кишваранд, ба қайд гирифта хоҳанд шуд».



«Дар пурсишномаи маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ суолҳо оид ба муҳоҷирон ҷой дода шудаанд, – идома дод М.Шаҳбозов. – Зимни посух ба онҳо сарвари хонадон метавонад бобати шумораи аъзои оилааш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, маълумот диҳад».



Ёдрас мекунем, ки барӯйхатгирии охирини аҳолӣ дар Тоҷикистон соли 2000 доир гашта, мувофиқи натиҷаҳои он шумораи аҳолии кишвар ба 6 млн. 127 нафар

ҳазор

баробар буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.