Парвандаи ҷиноии Ҷӯраев барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст

24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳаммаслакони Ҷӯраев Низомхон, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Кимиё»-и шаҳри Исфара, собиқ вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст. Директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимов изҳор дошт, ки агентӣ […]

Наргис Ҳамробоева




24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳаммаслакони Ҷӯраев Низомхон, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Кимиё»-и шаҳри Исфара, собиқ вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст.




Директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимов изҳор дошт, ки агентӣ парвандаи ҷиноии мазкурро нисбат ба 33 нафар ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба итмом расонида, ба додгоҳ фиристодааст, ки зарари молиявӣ аз рӯи ин парванда 38 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз шумори 33 нафар 17 нафари онҳо дар ҳабс қарор доранд.



Директори агентӣ ҳамзамон ёдовар шуд, ки аъзои гурӯҳи Н.Ҷӯраев на танҳо ба содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ, балки дар ҷиноятҳои қатли муовини прокурори генералии ҶТ Толиб Бобоев, ғоратгарӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, дуздии маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст омада низ гумонбар дониста мешаванд. «Бар замми ин, гурӯҳи номбурда 16 иншоотии давлатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли рангҳои молиданиро ба маблағи ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаст, ки арзиши аслии он ба 700 ҳазор сомонӣ баробар аст ва тибқи қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муомилоти харидуфурӯши ин иншоот ғайриқонунӣ эътироф гардида, он ба моликияти давлат баргардонида шуд», – гуфт Ш.Салимов.



Ба қавли ӯ, 15 иншооти дигар, аз қабили автомашина, бӯстонсаро, манзилҳои зист ва дафтарҳои корӣ таҳти назорат қарор дода шудаанд.



«Низомхон Ҷӯраев айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале ҳарчанд ба мо макони иқомати ӯ маълум бошад ҳам, бо сабаби идомаи тафтиш аз ифшои он худдорӣ мекунам», – афзуд Ш.Салимов.



Ёдрас мекунем, ки ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев директори корхонаи истеҳсоли консерваи шаҳри Исфара Содир Убайдуллоев, собиқ директори ҳамин корхона Рустам Зикриёев, директор ва сармуҳандиси корхонаи истеҳсоли спирти шаҳри Исфара Шукрулло Деҳқонов ва Аҳмадбой Абдуллоев, сардори шӯъбаи таъминоти корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Бафо Набиев, корманди гурӯҳи фаврии зудамали Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Мирзохалил Раҳмонов, ду нафар соҳибкорони хусусӣ – Абдуқодир Қодиров, Ҳикмат Бурҳонов ва дигарон мебошанд.




 





 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.