Вазорати рушди байнулмилалии Британия минбаъд низ судҳои ҳакамиро дар Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард

Date:


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб чанде қабл кормандони намояндагии Вазорати рушди байнулмилалии Британия (


DFID


) дар Тоҷикистон бо мири шаҳр Ҳамид Абдуллоев, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма вохӯриву мулоқот доир намуданд.




Роҳбари намояндагӣ Дилан Виндер (


Dylan




Winder


) изҳор дошт, ки тайи се сол


DFID




барои амалисозии лоиҳаи рушди фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси 10 маркази дастгирии ҳуқуқии «Арбитраж» 1 млн. 303 ҳазор фунт стерлинг маблағгузорӣ кард.



«Маблағҳои мазкур беҳуда сарф нашуданд, – гуфт ӯ. – Аз 1-уми апрели соли 2008 дар ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» амал мекунад ва марказҳо 1500 баҳсҳоро бидуни дахолати додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ризоияти тарафайн ҳал карданд».



Мавсуф ҳамзамон зикр кард, ки минбаъд низ фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт ва дар буҷаи панҷсолаи


DFID


ба рушди хоҷагиҳои деҳот ва бахши хусусӣ низ афзалият дода мешавад.



Д.Виндер таъкид сохт, ки агар дар маҳалҳо мардум ба воситаҳои дигари ҳалли баҳсҳо ҷуз додгоҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне судҳои ҳакамӣ дастрасӣ надошта бошанд, амалисозии лоиҳаҳои номбурда хеле мушкил мегардад. «Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» гуфтан мумкин аст, ки мақомоти давлатӣ низ бо он сарукор хоҳанд гирифт, – афзуд ӯ. – Аз ин рӯ, ҷиҳати барқарор сохтани робита бо онҳо ва дигар созмонҳои байнулмилалии марбута кӯшиш ба харҷ хоҳем дод».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...