Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон: Муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар ҳоли густариш қарор доранд

Душанбе. 9-уми вагуст. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон дар пойтахт муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, ки муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар мусоҳиба бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми вагуст. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон дар пойтахт муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, ки муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар ҳоли густариш қарор доранд.




Дар мусоҳиба бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зикр кард, ки ба ҷуз иштирокчиёни намоишгоҳ ин ҷо сармоягузорони тавонои

 

музофоти мазкур низ ҳузур доранд ва омодаанд, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак маблағгузорӣ намоянд. «Бо дарназардошти тавсияҳои ҳукумат дар бораи рушди соҳаи паррандапарварӣ мо ширкатҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти паррандапарварии Мозандаронро ба намоишгоҳ даъват намудем, то имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин соҳа фароҳам оварда шавад», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки и


мрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид. Ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад. Дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.



Дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов, муовини устондори (губернатор) Мозандарон ва сарпарасти намоишгоҳ Аҳмади Ҷамшедӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва дигарон ширкат варзиданд.



Музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад. Ҳамасола аз музофоти Мозандарон сайёҳони зиёди боздид мекунанд. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.