Соҳибкорони Эрон дар Тоҷикистон марказҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил мекунанд

            Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи ширкатҳои кооперативии кишоварзии тавлид ва тавзеи мурғ ва тухми мурғи Мозандарон ният доранд, дар Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил кунанд.             Роҳбари иттиҳодияи номбурда Носир Умрони Муҳаммадӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки шароити иқлимӣ ва қонунгузориҳои мавҷудаи Тоҷикистон имкон фароҳам месозанд, ки ин […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи ширкатҳои кооперативии кишоварзии тавлид ва тавзеи мурғ ва тухми мурғи Мозандарон ният доранд, дар Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил кунанд.





           

Роҳбари иттиҳодияи номбурда Носир Умрони Муҳаммадӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки шароити иқлимӣ ва қонунгузориҳои мавҷудаи Тоҷикистон имкон фароҳам месозанд, ки ин ҷо фаъолиятро ба роҳ монда, ҳамчунин корхонаҳои муштарак таъсис дода шавад.




           

«Мо ният дорем, ки дар Тоҷикистон марказҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил намоем ва масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди марказҳо айни замон дар ҳоли баррасӣ аст», – гуфт Н.У.Муҳаммадӣ. Ба қавли ӯ, гӯшту тухми мурғе, ки имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешавад, гувоҳномаи байнулмилалиро доро нест.




           

«Мо ният дорем, ки ба тоҷикистониён маҳсулоти босифати ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ пешниҳод созем, – гуфт роҳбари иттиҳодия. Мавсуф зикр намуд, ки марказҳо дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ кушода мешаванд.



Иттиҳодия яке аз бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти гӯшт ва тухми мурғи Эрон буда, нишони сифати Аврупоро дорост. Иттиҳодия ҳамасола ба миқдори 25 ҳазор тонна 112 навъи маҳсулоти гӯшту тухми мурғ истеҳсол менамояд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.