Дар Душанбе намояндагони хадамоти махсуси Афғонистон малакаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро меомӯзанд

Date:


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони хадамоти махсуси Афғонистон дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба кор шурӯъ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар 15 нафар намояндагони милиса, гумрукчиён ва марзбонони афғон малакаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро меомӯзанд.




           

«Ба сифати омӯзгорону мураббиён кормандони Раёсати мубориза бар зидди маводи нашъаовари Вазорати адлияи Амрико (


DEA


) ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон интихоб шудаанд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, тамоми хароҷоти баргузории тренинг бар дӯши намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон вогузор шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...