Бо ҷорӣ гардидани моратория қариб нисфи кормандони мақомоти назоративу санҷишии Кӯлоб ба рухсатии бемузд рафтанд

Кӯлоб. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – 28 нафар кормандони Раёсати стандартикунонӣ, сертификатсия, метрология ва назорати савдои «Тоҷикгосстандарт» дар минтақаи Кӯлоб ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Сардори раёсат Рустам Неъматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо ҷорӣ гардидани мораторияи манъи санҷиши субъектҳои хоҷагидории соҳибкории хурду миёна онҳо маҷбур шудаанд, ба чунин кор даст зананд. […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – 28 нафар кормандони Раёсати стандартикунонӣ, сертификатсия, метрология ва назорати савдои «Тоҷикгосстандарт» дар минтақаи Кӯлоб ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.




Сардори раёсат Рустам Неъматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо ҷорӣ гардидани мораторияи манъи санҷиши субъектҳои хоҷагидории соҳибкории хурду миёна онҳо маҷбур шудаанд, ба чунин кор даст зананд.



Мусоҳиб зикр кард, ки «мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ, иқдоми мазкур аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ хуш пазируфта шуда, имконият фароҳам месозад, ки ба иқтисоди кишвар сармояҳои бештаре ҷалб карда шаванд», аммо барои кормандони «Тоҷикгосстандарт» ин иқдом мушкилоти бекорӣ ва ҳолати номуайяниро пеш овард.



Р.Неъматов чунин изҳори ақида намуд, ки ба дурустии фармони сарвари давлат ҳеҷ шубҳае надорад, вале татбиқи он то охир мавриди таҳлил қарор нагирифтааст, зеро садҳо нафар мутахассисон дар ҷумҳурӣ бекор мемонанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.