Дар Суғд хизматчиёни ҳарбӣ ба ифшои сирри давлатӣ гумонбар дониста мешаванд

Хуҷанд. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд тафтиши парвандаи ҷиноии ду нафар хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки қисми низомиро тарк намуда, барои пулкоркунӣ ба Ӯзбекистон рафта буданд, ба анҷом расид. Судяи гарнизони ҳарбии вилояти Суғд Муслимҷон Худойбердиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки сарбозон Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев, ки аз […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд тафтиши парвандаи ҷиноии ду нафар хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки қисми низомиро тарк намуда, барои пулкоркунӣ ба Ӯзбекистон рафта буданд, ба анҷом расид.




Судяи гарнизони ҳарбии вилояти Суғд Муслимҷон Худойбердиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки сарбозон Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев, ки аз ноҳияҳои Ҳисору Шаҳритӯсанд, дар қисми низомии рақами 2805 ҳамагӣ 4 моҳ хизмат кардаанд. «Онҳо аз рӯи моддаҳои 375, қ.3 (Худсарона тарк намудани қисми низомӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ), 335, қ.2 (Ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ) ва 311, қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ифшои сирри давлатӣ) гунаҳкор дониста мешаванд», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки сарбозон дар таърихи 4-уми феврал худсарона қисми низомиро тарк намуда, сарҳади Ӯзбекистонро убур сохтаанд ва дар шаҳри Пскенти Вилояти Тошканд қарор гирифтаанд. «Тайи 24 рӯз онҳо дар он ҷо бо корҳои гуногун машғул гардида, маблағи пулӣ кор кардаанд, вале аз ҷониби марзбонони ӯзбек боздошт шуда, тибқи қарордоди мавҷуда ба ҷониби Тоҷикистон дода шуданд», – афзуд судя. Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии онҳо рӯзҳои наздик шурӯъ мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.