Дар Душанбе аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ натиҷагирӣ мекунанд

Date:


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе семинар оид ба мониторинг ва натиҷагирӣ аз Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ баргузор мешавад.




Дар семинар ҳудуди 20 нафар намояндаи вазорату муассисаҳо иштирок мекунанд. Иштирокдорони семинар ният доранд, аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ ва нақши он дар Стратегияи миллӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ натиҷагирӣ кунанд.



Ба гуфтаи масъули баргузории семинар, корманди шӯъбаи иқтисоди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов, мувофиқи маълумоти натиҷаҳои мониторинги соли гузашта, ҷараёни ислоҳоти идораи давлатӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. «Яке аз сабабҳои чунин ҳолат дар он ифода меёбад, ки заминаи зарурии иттилоотӣ барои баргузории мониторинг, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот мавҷуд нест», – гуфт ӯ.



Қобили зикр аст, ки Стратегияи мазкур соли 2006 аз ҷониби президент тасдиқ гардида, то соли 2015 идома меёбад.



Дар семинар зикр гардид, ки барои татбиқи самараноки стратегия таъсиси Шӯрои миллии рушд дар ҳайати мансабдорони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, баргузории чунин семинарҳо барои васоити ахбори умум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар намояндагони ҷомеа низ дар назар аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...