Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз 1-уми сентябр 40 дарсад зиёд карда шуд

Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз 1-уми сентябр 40 дарсад зиёд карда шуд. Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон, музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешаванд; музди меҳнати мудирони муассисаҳои томактабӣ ба маоши мудирони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва маоши мудирони муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати мудирони макотиби […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз 1-уми сентябр 40 дарсад зиёд карда шуд. Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон, музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешаванд; музди меҳнати мудирони муассисаҳои томактабӣ ба маоши мудирони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва маоши мудирони муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати мудирони макотиби таҳсилоти умумӣ баробар карда шуд.




Бино ба иттилои манбаъ, акнун музди меҳнати ҳадди ақали кормандони соҳаи маориф 60 сомониро ташкил медиҳад. Навовариҳои дигар низ ҷорӣ гаштанд: нақшаи таълимӣ иваз гардида, акнун як музди меҳнати омӯзгор 18-20 соати дарси таълимӣ муқаррар гаштааст.



Сарчашма зикр кард, ки музди меҳнати омӯзгорон ҳамчунин аз маълумот ва дараҷаи касбӣ вобаста аст. Ғайр аз ин, маоши мансабии мудирони муассисаҳои таълимии ғайримактабӣ ба музди меҳнати мудирони мактабҳои таҳсилоти умумии шумораи хонандагонаш то 400 нафар баробар карда мешавад.




 



 



 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.