Вазорати умури дохилӣ: Бозори «Корвон»-ро шахсони номаълум оташ задаанд

Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони Раёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, сӯхторе, ки чанде қабл дар бозори «Корвон» ба амал омад, кори дасти шахсони номаълум аст. «Пас аз тафтишоту таҳқиқот ва ташхисҳо мо ба хулосае омадем, ки ин кори дасти шахсони номаълум аст, яъне бар асари оташ задани онҳо сӯхтор […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони Раёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, сӯхторе, ки чанде қабл дар бозори «Корвон» ба амал омад, кори дасти шахсони номаълум аст.




«Пас аз тафтишоту таҳқиқот ва ташхисҳо мо ба хулосае омадем, ки ин кори дасти шахсони номаълум аст, яъне бар асари оташ задани онҳо сӯхтор ба амал омадааст, – изҳор дошт манбаъ. – Агар гӯем, ки ин ба иллати расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ рух додааст, нодуруст аст, зеро он вақт дар бозор қувваи барқро хомӯш карда буданд». Ба қавли намояндаи хадамоти сӯхторнишонӣ, нисбат ба ин далел шӯъбаи тафтишотии вазорати умури дохилӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст ва шахсони гунаҳкор ҷустуҷӯ карда мешаванд.




 

Ёдрас мекунем, ки шаби 12-ум ба 13-уми августи соли ҷорӣ, тақрибан соатҳои 1-и шаб дар яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахт «Корвон» с


ӯ


хтор сар зад. Майдони с


ӯ


хтор 2 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баъди чанд дақиқа якчанд гур


ӯ


ҳҳои с


ӯ


хторнишон


ӣ


ба


ҷ


ои ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати як соат оташро хом


ӯ


ш карданд. Касе осеб надид. Соҳибкорон мег


ӯ


янд, ки с


ӯ


хтор 60 нуқтаи фур


ӯ


ш ва 2


ҷ


ойгоҳи калони фур


ӯ


шгоҳро (ангар) нобуд кардааст. Ёдрас мекунем, ки аз оғози фаъолияти бозор (соли 2002) то ин


ҷ


ониб дар ин маркази ти


ҷ


орат якчанд ҳодисаи с


ӯ


хтор рух доданд.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.