Дар Суғд ҷинояткоронеро, ки кормандони милисаро захмӣ карда буданд, то ҳол ҷустуҷӯ доранд

            Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –   Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд то ҳанӯз амалиёти ошкор сохтан ва дастгир намудани ҷинояткоронеро, ки аз силоҳи оташфишон ба сӯи кормандони милиса тир холӣ карда, онҳоро захмӣ карда буданд, идома медиҳанд. То имрӯз баъзе аз ҷузъиёти ҳодиса равшан шуд. Манбаъ аз Раёсати умури дохилии вилоят ба […]

Мавлуда Рафиева



           

Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд то ҳанӯз амалиёти ошкор сохтан ва дастгир намудани ҷинояткоронеро, ки аз силоҳи оташфишон ба сӯи кормандони милиса тир холӣ карда, онҳоро захмӣ карда буданд, идома медиҳанд. То имрӯз баъзе аз ҷузъиёти ҳодиса равшан шуд.




Манбаъ аз Раёсати умури дохилии вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки шоми 28-уми август кормандони милиса, афсарон Фирӯз Олимови 28-сола ва Ҷамшед Аҳмедови 22-сола ҳангоми назорати кӯчаҳои маркзи шаҳри Исфара дар дасти ду нафар шахсони шубҳанок сумкаи калони сиёҳеро мушоҳида мекунанд ва аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки чизҳои дар сумка бударо нишон диҳанд, вале шахсони шубҳанок аз ин амал саркашӣ мекунанд. Қарор мешавад, ки онҳо ба шӯъба бурда шаванд.



«Ҳар чаҳор нафар ба мошини милиса менишинанд ва дар роҳ яке аз онҳо аз дохили сумка силоҳи оташфишонро гирифта милисаҳоро мепарронад ва пас аз ин онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки милисаҳои ҷароҳатгирифта то ҳол дар беморхонаанд. Дар вақти азназаргузаронии ҷои ҳодиса тирҳо дарёфт шуданд ва ташхис ошкор сохт, ки тирҳо аз автомати Калашников будаанд. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.