Президенти Тоҷикистон ба Маскав рафт

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Шӯрои амнияти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои  5-6-уми  сентябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи низомномаро дар бораи маблағгузорӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои мақсадноки алоҳидаи байнидавлатии СААД ва нақшаи машваратҳоро бахшида ба масъалаҳои сиёсати […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Шӯрои амнияти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои  5-6-уми  сентябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.




Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи низомномаро дар бораи маблағгузорӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои мақсадноки алоҳидаи байнидавлатии СААД ва нақшаи машваратҳоро бахшида ба масъалаҳои сиёсати берунӣ, амният ва мудофиа дар давраи нимаи дуюми соли 2008 ва нимаи аввали соли 2009

 

ва омода сохтани мутахассисони хадамоти гуногуни амниятиро дар кишварҳо муҳокима мекунанд. Дар Маҷлиси Шӯро сарвари давлатро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.



Интизор меравад, ки дар маҷлис масъалаи қазияи Қафқоз пас аз даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистон низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.


           Инчунин ҷараёни иҷрои нақшаи ҳамкории низомии мамлакатҳои аъзои созмон то соли 2010, аз ҷумла, ташкили гурӯҳи муттаҳидаи артиши амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешавад.


             Айни ҳол Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.