Дар Душанбе парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппинро баррасӣ мекунанд

Date:


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппин Гарсиа Ҷон Гардовси, ки ба муомилоти ғариқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, ҷараён дорад.




Дар сӯҳбат ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиа додрас Савриддин Тошев изҳор дошт, ки шаҳрванди хориҷӣ ба ҷурми кӯшиши интиқоли 3 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Туркия гумонбар дониста шуда, ба ӯ тибқи моддаҳои 200, к.4, 32, қ.3 ва 289, қ.2 айбнома эълом шудааст.



Ба гуфтаи додрас, гумрукчиёни фурудгоҳ дар ҳамдастӣ бо хадамоти махсуси ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд. Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди Филиппин ҳангоми азназаргузаронии бағочи мусофирони ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Истанбул боздошт гардидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...