Дар Душанбе масоили мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд

              Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ бо намояндагони созмони ҷамъиятии умумирусиягии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия», созмони ҷамъияти вилоятии «Иттиҳоди тоҷикистониён», Ҷамъияти дӯстии халқҳои тоҷику руси «Сомониён»-и шаҳри Санкт-Петербург», Иттиҳоди тоҷикистониёни Самара ва дигарон масоили мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд.             Аз хадамоти […]

Виктория Наумова






 



           

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ бо намояндагони созмони ҷамъиятии умумирусиягии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия», созмони ҷамъияти вилоятии «Иттиҳоди тоҷикистониён», Ҷамъияти дӯстии халқҳои тоҷику руси «Сомониён»-и шаҳри Санкт-Петербург», Иттиҳоди тоҷикистониёни Самара ва дигарон масоили мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд.




           

Аз хадамоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони мулоқот масоили бақайдгирӣ, шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ ва дифоъ аз ҳуқуқҳои иқтисодии муҳоҷиронро мавриди муҳокима қарор доданд.




           

Тибқи пешниҳоди Хадамоти муҳоҷират, бояд миёни марказҳои минтақавии миллии фарҳангӣ алоқаи мустақим ва доимо амалкунанда ташкил карда шуда, марказҳо бояд ҳамеша бо ҳам табодули иттилооту афкор намоянд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ҳамватан чораҳои муассир биандешанд.




           

Ғайр аз ин, Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии муҳоҷирони меҳнатӣ баҳри дастгирии оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирон дар ватан Фонди ҷамъиятӣ созмон дода шавад.




 


 





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.