Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои роҳсозони Чин аз наздик шинос шуд

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд -Бӯстон-Чаноқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳсозони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ аз наздик сӯҳбат намуда, аз рафти корҳои азнавсозии ин шоҳроҳи муҳим пурсон шуд. Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки бунёди қариб ҳамаи иншооти зиддитармавӣ, ки дарозии умумиашон аз ҷониби шаҳри Душанбе то туннели Истиқлол […]

root



Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд



-Бӯстон-Чаноқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳсозони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ аз наздик сӯҳбат намуда, аз рафти корҳои азнавсозии ин шоҳроҳи муҳим пурсон шуд.




Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки бунёди қариб ҳамаи иншооти зиддитармавӣ, ки дарозии умумиашон аз ҷониби шаҳри Душанбе то туннели Истиқлол 3600 метрро ташкил медиҳад, то моҳи ноябр анҷом меёбад. Дар ҳамин мӯҳлат дар ин қитъаи роҳ корҳои мумфаршкунӣ низ қариб ба пуррагӣ анҷом дода мешаванд.



Аллакай имрӯз гуфтан мумкин аст, ки сохтмони қитъаи аз шаҳри Душанбе то наздикии деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоби ин роҳ бо стандартҳои байналмилалӣ таҷдид шудааст.



Хотиррасон бояд кард, ки лоиҳаи мазкур бо маблағи 295,9 миллион доллари амрикоӣ азнавсозии пурраи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқро бо назардошти сохтмони қитъаҳои нави роҳ ва тунели Шаҳристон, ки дарозияш беш аз

 



5 км

аст, таъмин менамояд.



Азнавсозии ин роҳ ҳамчунин сохтмони туннели 900 – метраи Майхӯра, 38 адад пулҳои хурду бузург, наздики

6300 метр

иншооти зиддитармавӣ, ё худ тунелҳои рӯйизаминӣ, дар масофаи 5974

 

метр васл кардан ва хобонидани 352 адад қубурҳои обгузар ва дигар корҳоро дар бар мегирад.



Боздиди имрӯзаи Президенти Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот бори дигар собит намуд, ки ӯ чун раҳбару раҳнамои дилсӯзи мардум ҳамаи корҳои созандагию бунёдкориро

 

дар тамоми қаламрави кишвар таҳти назорат ва ғамхории доимии худ қарор додааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.