Гурӯҳи таблиғотии Агентии назорати маводи нашъаовар сокинони Бадахшонро аз оқибатҳои ногувори нашъамандӣ огоҳ месозад

            15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пайи амалисозии лоиҳаи «Баргузории чорабиниҳои огоҳкунӣ ва пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ва ноҳияҳои тобеи марказ» гурӯҳи таблиғотии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озим Бадахшон гашт. Як корманди масъули агентӣ Алишер Ташрифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки […]

Аваз Юлдошев



           

15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пайи амалисозии лоиҳаи «Баргузории чорабиниҳои огоҳкунӣ ва пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ва ноҳияҳои тобеи марказ» гурӯҳи таблиғотии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озим Бадахшон гашт.




Як корманди масъули агентӣ Алишер Ташрифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи нақшаи кории лоиҳа, бо сокинони вилоят баргузории чорабиниҳои таблиғотии фаҳмондадиҳӣ ва маърифатии пешгирии нашъамандӣ, ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир дар назар аст.



Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, тӯли се ҳафта гурӯҳи таблиғотӣ, ки ҳайати он аз мутахассисони агентӣ, табибони бемории нашъамандӣ, арбобони шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва васоити ахбори омма иборат аст, қариб аз ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ боздид намуда, бо мақсади огоҳсозии онҳо аз оқибатҳои ногувори нашъамандӣ ва муайян кардани сатҳи огаҳии онҳо аз ин мушкилот вохӯриву мулоқотҳо доир хоҳанд кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.