Дар Қирғизистон бар асари заминларза 72 нафар ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 6-уми октябр – Сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Елена Баялинова ба хабаргузории РИА «Новости» изҳор доштааст, ки мувофиқи маълумоти то соати 13.00 (вақти Маскав) ба онҳо расида, дар ноҳияи Олойи вилояти Ош бар асари заминларзаи дирӯза 72 нафар ба ҳалокат расидаанд. «Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ идома доранд ва ин шумораи фавтидагон ҳоло ниҳоӣ нест», – гуфтааст […]

Газета.ру


Душанбе. 6-уми октябр – Сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Елена Баялинова ба хабаргузории РИА «Новости» изҳор доштааст, ки мувофиқи маълумоти то соати 13.00 (вақти Маскав) ба онҳо расида, дар ноҳияи Олойи вилояти Ош бар асари заминларзаи дирӯза 72 нафар ба ҳалокат расидаанд. «Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ идома доранд ва ин шумораи фавтидагон ҳоло ниҳоӣ нест», – гуфтааст ӯ.




Муовини сардухтури беморхонаи Ош Темиркан Жорматова ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, ки «аз 24 нафар осебдидагоне, ки ба беморхона оварда шуданд, 7 нафарашон кӯдакон мебошанд». «Осебдидагон асосан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, узвҳояшон зарбу лат хӯрдаанд ва аксари онон ба ҷарроҳӣ ниёз доранд», – гуфтааст ӯ. Ба гуфтаи табибон, шахсони аз заминларза ҷон ба саломатбурда дар ҳолати шадиди изтироби рӯҳӣ қарор доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.