Додгоҳи иқтисодии ИДМ аз замони таъсисёбӣ 90 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст

            Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз замони таъсисёбӣ (аз 6-уми ибли соли 1992) то ин дам Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 90 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст.             Дар як нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи иқтисодии ИДМ Файзулло Абдуллоев изҳор дошт, ки инчунин 5 парвандаи марбут ба баҳси иқтисодии миёни давлатҳо низ баррасӣ […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз замони таъсисёбӣ (аз 6-уми ибли соли 1992) то ин дам Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 90 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст.





           

Дар як нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи иқтисодии ИДМ Файзулло Абдуллоев изҳор дошт, ки инчунин 5 парвандаи марбут ба баҳси иқтисодии миёни давлатҳо низ баррасӣ шудааст.




           

Ба қавли ӯ, айни замон дар назди ин додгоҳ маркази байнулмилалии танзими баҳсҳо ташкил карда шудааст, ки ба соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ҷиҳати ҳалли баҳсҳо дар фаъолияти хориҷӣ ба он муроҷиат намоянд.




           

Ф.Абдуллоев афзуд, ки Марказ аз ду палата – палатаи ҳакамон ва миёнаравон иборат аст. «Палатаи ҳакамон аслан додгоҳи ҳакамӣ аст ва ба дӯши палатаи миёнаравон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург воқеъ аст, ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ вогузор гаштааст», – гуфт ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.