То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 80 дарсад иҷро шудааст

Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ки 1-уми октябр оғоз гардид, то имрӯз 80 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар – Фаридун Муҳаммадалиев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳрҳои Табошар, Қайроққум ва Чкаловск […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ки 1-уми октябр оғоз гардид, то имрӯз 80 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар – Фаридун Муҳаммадалиев хабар дод.






Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳрҳои Табошар, Қайроққум ва Чкаловск дар вилояти Суғд, шаҳри Норак ва навоҳии Носири Хусрав, Ховалинг ва Балҷувон дар вилояти Хатлон, ноҳияи Мурғоб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ӯҳдаи иҷрои сад дар сади нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромаданд.





«Нахустин ва ҳанӯз ягона ноҳияе, ки аз миёни навоҳии тобеъи марказ аз анҷоми иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмат хабар дод, ин нохияи Варзоб мебошад», –

 

гуфт Муҳаммадалиев.





Инак то имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба андозаи 70 дарсад, Хатлон 84 фоиз, навоҳии тобеъи марказ 75, Суғд 79 ва шаҳри Душанбе 78 фисад иҷро гардидааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.