Ширкати «Тетис Петролеум» барои фаъолият дар Тоҷикистону Қазоқистон таҷҳизоти нав дастрас мекунад

            Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Тетис Петролеум» эълом дошт, ки ҷиҳати дастрас кардани таҷҳизоти пармакунӣ ва корҳои дигар дар конҳои газу нафт бо корхонае ба мувофиқа расидааст.             Тавре ноиби президенти ин ширкат оид ба робита бо сармоягузорон Сабин Росси ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, таҷҳизоти мазкур аз дастгоҳи пармакунӣ, дастгоҳ барои […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Тетис Петролеум» эълом дошт, ки ҷиҳати дастрас кардани таҷҳизоти пармакунӣ ва корҳои дигар дар конҳои газу нафт бо корхонае ба мувофиқа расидааст.





           

Тавре ноиби президенти ин ширкат оид ба робита бо сармоягузорон Сабин Росси ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, таҷҳизоти мазкур аз дастгоҳи пармакунӣ, дастгоҳ барои таъмири асосӣ, дастгоҳи кафшергарӣ барои сохтмони лӯлаҳо, кранҳо, мошинҳои боркаш ва ғайра иборат аст.




           

Ба қавли ӯ, ин таҷҳизот барои истифода дар корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии конҳои нафту газ дар Тоҷикистону Қазоқистон пешбинӣ гардида, ба кам шудани хароҷот ва беҳбуди суръати корҳо мусоидат хоҳад кард.




           

Номбурда афзуд, ки маблағҳои сармоягузории ширкат дар марҳилаи аввали фаъолият дар Тоҷикистон 8 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.