Бӯҳрони молиявӣ ба Тоҷикистон пас аз гузашти ним сол асар хоҳад кард, – назари коршинос

            Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Газетаи «Новие известия» бо истинод ба муовини директори Донишкадаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Жарихин хабар медиҳад, ки феълан дар қаламрави пасошӯравӣ кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Молдова аз ҳама камтар аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ хисорот бардоштаанд. «Ба ин кишварҳо мавҷи дуввуми бӯҳрон, ки бар асари он коҳиши […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Газетаи «Новие известия» бо истинод ба муовини директори Донишкадаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Жарихин хабар медиҳад, ки феълан дар қаламрави пасошӯравӣ кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Молдова аз ҳама камтар аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ хисорот бардоштаанд. «Ба ин кишварҳо мавҷи дуввуми бӯҳрон, ки бар асари он коҳиши суръати афзоиш ба амал омада, талабот ба захоири ашёи хом ва ғизо камтар мешавад, таъсир хоҳад гузошт ва он пас аз гузашти ним сол ба вуқӯъ хоҳад пайваст», – гуфтааст ӯ.





           

Дар шарҳи ин изҳороти коршиноси русиягӣ, доктори улуми иқтисод, профессор, мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин ибрози назар кард, ки оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ аллакай ба Тоҷикистон асар карда истодаанд. «Имрӯз ба мо хабарҳое мерасанд, ки ҳаҷми маблағи интиқолии муҳоҷирони тоҷик ба ватан коҳиш ёфтааст ва ба он аз кор хориҷ гаштани ҳамватанони мо дар ширкатҳои сохтмонӣ боис шудааст», – гуфт ӯ.




           

Ҳ.Умаров таъкид сохт, ки баъди чанде дар Тоҷикистон арзиши маводи ғизоӣ боло хоҳад рафт. «Алҳол арзиши маводи ғизо ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт, вале ба иллати поин рафтани ҳаҷми истеҳсолоти ин мавод дар миқёси ҷаҳон дар ҷумҳурии мо низ нархҳо боло хоҳанд рафт», – афзуд олим.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.