Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ миёни кишвархои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъи аввалро ишғол мекунад

Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ миёни кишвархои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъи аввалро ишғол мекунад. Дар гузориши ба тозагӣ интишорнамудаи Бунёди нуфуси СММ, аз ҷумла пешгӯӣ шуда, ки то соли 2050, ҳамасола аҳолии кишвари мо 1-уним дарсад афзоиш хоҳад ёфт.   Дар баёния ҳамчунин оварда шудааст, ки миёни кишварҳои […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ миёни кишвархои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъи аввалро ишғол мекунад.




Дар гузориши ба тозагӣ интишорнамудаи Бунёди нуфуси СММ, аз ҷумла пешгӯӣ шуда, ки то соли 2050, ҳамасола аҳолии кишвари мо 1-уним дарсад афзоиш хоҳад ёфт.




 

Дар баёния ҳамчунин оварда шудааст, ки миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ нишондодҳои бадтарин оид ба тағйири шумораи аҳолӣ дар Молдова ба қайд гирифта шудааст.



Зикр гардидааст, ки то соли 2050 теъдоди аҳолӣ дар сартосари ҷаҳон 1-у ним баробар зиёд гардида, ба 9 миллиарду 200 миллион нафар хоҳад расид.



Коршиносон ҳамчунин пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 теъдоди аҳолии Русия баръакс коҳиш ёфта, 107 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.



Бино ба пешгӯии СММ, камтар аз ним аср баъд, Ҳиндустон аз лиҳози афзоиши шумораи аҳолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш гузашта, унвони сераҳолитарин кишвари оламро касб хоҳад кард.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.