Дар фурудгоҳи пойтахт қочоқчии навбатӣ бо ҳероин дар дохили меъда боздошт шуд

Date:


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз ҳодисаи кӯшиши интиқоли маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо ба Русия ҷилавгирӣ карданд.




Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини шаҳри Душанбе С.М. ният дошт, 9 бастаи ҳероинро дар дохили меъдааш ба хориҷи кишвар барорад. «Худи боздоштшуда зимни пурсиш гуфт, ки ин маводи мухаддири шахси дигар аст», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, ташхис ошкор сохтааст, ки мавод ҳероин буда, вазни умумии он 236 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Тибқи маълумоти агентӣ, соли равон аз ҷониби кормандони ин сохтор дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз 3 ҳодиса ва фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз 1 ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ карда шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...