Дар Душанбе шаҳрванди мусаллаҳи Афғонистон дастгир карда шуд

Date:



           

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни баргузории амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Афғонистон Абдулқодири Абдураҳимро боздошт карданд.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, А.Абдураҳим бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми рондани мошини тамғаи «


NISSAN





INFINITI


» боздошт шуд. «Гузашта аз ин, маълум шуд, ки рақамҳои давлатии нақлиёт низ қалбакӣ буда, ҳангоми азназаргузаронӣ аз он силоҳи оташфишон бо муҳимот дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт сарчашма.




           

Манбаъ афзуд, ки нисбат ба аъмоли шаҳрванди Афғонистон аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...