Дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 2 сол ҷорӣ шуд

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон акнун барои ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши ғайриқонунии шираи камол татбиқи ҷазои маъмурӣ ва дар баъзе ҳолатҳо маҳрумият аз озодӣ ҷорӣ мегардад. Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир ба ин масъала ба Кодекси ҶТ дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон акнун барои ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши ғайриқонунии шираи камол татбиқи ҷазои маъмурӣ ва дар баъзе ҳолатҳо маҳрумият аз озодӣ ҷорӣ мегардад.




Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир ба ин масъала ба Кодекси ҶТ дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ тағйироту иловаи мутобиқ ворид сохта шуданд.



Ба қавли намояндаи парлумон Хадича Ҳакимова, тайи солҳои ахир аз ҷониби шаҳрвандон ва ширкатҳои гуногун дар масоҳати


282,2 га

138 ҳазору 160 ниҳоли камол нобуд карда шудаанд. «Коркард ва васеъ намудани масоҳати парвариши он буҷаро ба таври назаррас ғанӣ мегардонад», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, намояндаи мардумӣ Маҳмадалӣ Ватанов изҳор дошт, ки барои ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши шираи камол ҷаримабандӣ ба миқдори то 700 музди меҳнати ҳадди ақалл, манъи фаъолият дар ин соҳа ва дар баъзе ҳолатҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 2 сол пешбинӣ шудааст.



Дар ҷаласа намояндагони мардумӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи фонди миллии бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» қабул карданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.