Сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ба ҳамдигар мукофотҳои давлатӣ месупоранд

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи боздид аз Украина бо президенти ин кишвар – Виктор Юшенко дидору гуфтугӯ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар поёни вохӯрӣ сарони давлатҳо ба ҳамдигар мукофотҳои давлатӣ месупоранд. Зимнан Виктор Юшенко Эмомали Раҳмонро бо ордени […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи боздид аз Украина бо президенти ин кишвар – Виктор Юшенко дидору гуфтугӯ мекунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар поёни вохӯрӣ сарони давлатҳо ба ҳамдигар мукофотҳои давлатӣ месупоранд. Зимнан Виктор Юшенко Эмомали Раҳмонро бо ордени шоҳзода Ярославли Мудрий дараҷаи 1 ва аз сӯи худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои украиниашро бо ордени Исмоили Сомонӣ сарфароз мегардонанд.



Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки баъди анҷоми мулоқоти расмӣ роҳбарони ду кишвар зери 8 санади байнидавлатӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар, сайёҳиву сиёсати ҷавонон, кишоварзӣ, инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Украина ва Тоҷикистон то соли 2012 имзо хоҳанд гузошт.



Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Украина Юлия Тимошенко низ дар назар гирифта шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.