Президенти Тоҷикистон ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо корхонаи «Турбоатом»-и Украина ҳавасмандӣ зоҳир кард

Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Харкови Украина сафар карда, аз корхонаи азими Турбоатом, ки аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ оид ба бунёди турбина, агрегат ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши нерӯгоҳҳои обӣ, атомӣ,   ҳароратӣ ва ғайра буда, бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамари дерина дорад, ьоздид кард. Чунонки дирӯз дар нишасти […]

root


Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Харкови Украина сафар карда, аз корхонаи азими Турбоатом, ки аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ оид ба бунёди турбина, агрегат ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши нерӯгоҳҳои обӣ, атомӣ,

 

ҳароратӣ ва ғайра буда, бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамари дерина дорад, ьоздид кард.




Чунонки дирӯз дар нишасти матбуотии сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко таъкид гардид, беш аз 85 дар сади тамоми таҷҳизоти гидротехникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон сохти Турбоатом ва дигар корхонаҳои саноатии Украина мебошад. Ду агрегати нерӯгоҳи обии Роғун ҳам ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта аз корхонаи Турбоатом ба Тоҷикистон фиристода шуда буд.



Президенти Тоҷикистон бо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи Турбоатом аз наздик шинос шуда, ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо ин корхона дар самти таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда ва таъмини нерӯгоҳҳои нав бо таҷҳизоти гидротехникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд. Маҳз ҳамин гуна имкону захираҳои фаровон аст, ки дирӯз Виктор Ющенко гидроэнергетикаро самти афзалиятноки робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод кард ва изҳор намуд, ки «Украина азм дорад ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба сатҳи стратегӣ барорад».



Ба андешаи ӯ, Тоҷикистону Украина имкон доранд дар ҳамкории зич ҳаҷми мубодилоти

 

тиҷоратии байни худ ва бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба маротиб боло баранд.



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Харков, дар Тоҷикистон

 

корхонаи муштараки

 

истеҳсоли таҷҳизот барои нерӯгоҳҳои хурди обӣ бунёд мегардад ва филиали

 

Донишгоҳи миллии политехникии Харков дар Тоҷикистон кушода мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии сарвари давлат хабар медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.