Театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон бори дигар дар ҷашнвораи байнулмилалии Эрон иштирок мекунад

Дата:



           

Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байнулмилалии афсона барои кӯдакон, ки аз 27 то 29-уми декабр дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор мешавад, иштирок мекунад.





           

Тавре директори театр Кенҷа Иброҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷашнвора намояндагони Тоҷикистон асари саҳнавии «Саргузашти Юсуф»-ро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. «Дар ин ҷашнвора асарҳои саҳнавӣ аз ҳикоёти Қуръони карим намоиш дода мешаванд», – гуфт ӯ. Қобили зикр аст, ки дар намоишнома намояндагони беш аз 10 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.




           

Ба гуфтаи директори театр, соли равон ин сафари панҷуми ҳунармандони театр ба хориҷи кишвар мебошад. «Имсол асарҳои саҳнавии театр дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ дар Русия, Белорус ва Эрон низ намоиш дода шуданд», – афзуд К.Иброҳимов.


Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное