Гуфтушуниди Тоҷикистону «Турбоатом» оид ба тайёр кардани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Норак идома дорад

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Гуфтушуниди Тоҷикистону «Турбоатом» оид ба тайёр кардани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Норак идома дорад. Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан гурӯҳи мутахассисони тоҷик перомуни ҳалли масъалаи тайёр кардани 6 чарха барои нерӯгоҳи Норак дар шаҳри Харкови Украина қарор доранд. «Гап сари он меравад, ки бар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Гуфтушуниди Тоҷикистону «Турбоатом» оид ба тайёр кардани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Норак идома дорад.




Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан гурӯҳи мутахассисони тоҷик перомуни ҳалли масъалаи тайёр кардани 6 чарха барои нерӯгоҳи Норак дар шаҳри Харкови Украина қарор доранд. «Гап сари он меравад, ки бар асари бӯҳрони молиявӣ нархи металл дар бозори ҷаҳонӣ якбора коҳиш ёфт ва акнун ҷонибҳо интизори мӯътадил гаштани он ҳастанд, то созишномаро ба имзо расонанд», – гуфт манбаъ.



Манбаъ афзуд, ки айни замон дар нерӯгоҳи Норак корҳои ивази чархаи агрегати саввуми нерӯгоҳ босуръат идома доранд. Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон тайёр кардани се чархаро ба корхонаи механикии Сумск (Украина) фармоиш дода буд. Чархаи аввал моҳи июни соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ оварда шуда, ду чархаи дигар соли оянда тайёр карда мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.