Раиси пойтахт дар бораи харидории як миқдор автобусу троллейбусҳои нав фармон ба имзо расонид

            Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи иҷозат додани хадамоти марбути шаҳр оид ба имзои созишнома ҷиҳати харидории 150 автобус ва 60 троллейбус бо ҶДММ «Тролза-Маркет» ва ширкати «Русские автобуси» фармон ба имзо расонид.             Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи иҷозат додани хадамоти марбути шаҳр оид ба имзои созишнома ҷиҳати харидории 150 автобус ва 60 троллейбус бо ҶДММ «Тролза-Маркет» ва ширкати «Русские автобуси» фармон ба имзо расонид.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз буҷаи шаҳр барои харидани автобусҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ 14 млн. 125 ҳазору 991 сомонӣ ($ 4 млн. 87 ҳазор) ва троллейбусҳо 17 млн. 618 ҳазору 970 сомонӣ ($5млн. 100 ҳазор) маблағ ҷудо карда мешавад. «Нисфи автобусҳо бо сӯзишвории дизелӣ ва боқимонда бо газ кор мекунанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, автобусу троллейбусҳо тариқи тендер харида шуда, аввали соли оянда ба Душанбе оварда мешаванд.




           



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.