Э.Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмӣ ба Қазоқистон меравад

Date:


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон меравад.




Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мулоқоти мазкур бо ташаббуси президенти Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев доир мегардад.



Ба мулоқот сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар мулоқот ширкат нахоҳад кард.



Дар ҷараёни мулоқот сарварони давлат атрофи масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, мушкилоти марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пешгирии падидаҳои ногувори он ва андешидани тадбирҳо алайҳи бидуни назорат реша давонидани оқибатҳои он дар минтақа табодули назар хоҳанд кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...