Овозаҳои беасос дар бораи «заминларзаи пуршиддат» аксари мардуми ҷумҳуриро водор сохт, ки шабро дар кӯча рӯз кунанд

Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳолӣ аз бими вукӯъи зилзила манзилҳои худро тарк карда, чанд соати шабро дар кӯчаву хиёбонҳо сипарӣ намуданд. Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе интишори хабар дар мавриди эҳтимоли вуқӯъи зилзиларо шаби 9-ум ба 10-уми январ рад кардааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази мазкур хабар доданд, шаби гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ […]

Шавкат Раҳматуллоев


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳолӣ аз бими вукӯъи зилзила манзилҳои худро тарк карда, чанд соати шабро дар кӯчаву хиёбонҳо сипарӣ намуданд.


Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе интишори хабар дар мавриди эҳтимоли вуқӯъи зилзиларо шаби 9-ум ба 10-уми январ рад кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази мазкур хабар доданд, шаби гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи зилзила ба қайд гирифта нашудааст. Ба қавли манбаъ, феълан дар ҷаҳон ҷиҳоз ва ё дастгоҳе вуҷуд надорад, ки битавонад вуқӯъи заминҷунбиро пешгӯӣ кунад.



Кумитаи ҳолатҳои изтирории мамлакат ба навбаи худ, овозаҳои ахир дар мавриди ба вуқӯъ омадани заминларза дар ҷумҳуриро дурӯғу беасос хонда, гуфтааст, ки он заминаи воқеӣ надорад.



Мавриди зикр аст, шаби гузашта дар сартосари кишвар миёни мардум овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё дар фосилаи байни соатҳои 23 то 2-и шаб дар миқёси ҷумҳурӣ зилзилае бо шиддати 10 дараҷа ба амал меояд. Ин овозаи кӯчагӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ то ба нуқоти мухталифи кишвар расида, боиси ба таҳлука афтодани мардум гардид. Аҳолӣ аз бими вукӯъи зилзила манзилҳои худро тарк карда, чанд соати шабро дар кӯчаву хиёбонҳо сипарӣ намуданд. Хотиррасон мекунем, охирин бор дар Тоҷикистон заминларза ҳафтаи гузашта ба амал омада буд, ки шиддаташ ба 5 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.

  



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.