Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ мешавад

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни боздиди ҳайати давлати Қатар аз Тоҷикистон таҳти сарварии вазири ҳамкории байнулмилалии ин кишвар, ки дар таърихи 16-уми январ сурат хоҳад гирифт, дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ мешавад. Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни боздид […]

Виктория Наумова


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни боздиди ҳайати давлати Қатар аз Тоҷикистон таҳти сарварии вазири ҳамкории байнулмилалии ин кишвар, ки дар таърихи 16-уми январ сурат хоҳад гирифт, дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ мешавад.




Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни боздид дидору гуфтушуниди ҳайати Қатар бо президенти Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ дар назар аст.



Интизор меравад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо амалисозии қарордодҳои тасвибгардида зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар ва амири Қатар Ҳамад бин Халифа Ал Танӣ ба Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

 




Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи омори кишвар, муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қатар дар давраи моҳҳои январ-ноябр 138,6 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ҳамаи он ба молу маҳсулоти воридотӣ аз Қатар рост меояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.