М.Асрорӣ: Лоиҳаи баргузории озмуни байналмилалиии «Панҷ ситора. Интервидение» аллакай ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги мамлакат – Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти дирӯзааш бо муовини нахуствазири мамлакат – Руқия Қурбонова масъалаи баргузории озмуни байналмилалии «Панҷ ситора. Интервидение» дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи оқои Асрорӣ, ӯ аллакай лоиҳаи баргузории ин озмуни байналмилалиро дар Душанбе ба […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги мамлакат – Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти дирӯзааш бо муовини нахуствазири мамлакат – Руқия Қурбонова масъалаи баргузории озмуни байналмилалии «Панҷ ситора. Интервидение» дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.




Ба гуфтаи оқои Асрорӣ, ӯ аллакай лоиҳаи баргузории ин озмуни байналмилалиро дар Душанбе ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. «Умедворам, ки мо аз ӯҳдаи ташкил ва доир намудани озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» дар сатҳи зарурӣ мебароем», – гуфт вазир.



Ёдовар мешавем, моҳи августи соли гузашта овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар даври навбатии озмуни байналмилалии «Панҷ ситора. Интервидение», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардида буд, соҳиби ҷойи аввал ва шоҳҷоиза гардид. Дар асоси шартҳои ин озмун, барандаи ҷоизаи асосии он ҳуқуқи баргузор кардани даври навбатии озмуни байналмилалиро дар кишвари худ пайдо мекунад.



Бояд гуфт, шабакаи аввали телевизиони Русия, ки аз ташкилкунандагони асосии озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» ба ҳисоб меравад, то ҳанӯз расман мавқеъи худро дар робита ба ин масъала рӯшан накардааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.