Панҷ сафири Тоҷикистон иваз мешаванд

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мутобиқи дастури президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъи ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазири корҳои хориҷӣ – Ҳамрохон Зарифӣ дода шуд, дар семоҳаи аввали соли равон 5 сафири фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ иваз карда мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мутобиқи дастури президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъи ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазири корҳои хориҷӣ – Ҳамрохон Зарифӣ дода шуд, дар семоҳаи аввали соли равон 5 сафири фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ иваз карда мешаванд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, то охири моҳи март сафирони Тоҷикистон дар Туркия – Шӯҳрат Султонов, дар Ҷумхурии Исломии Ирон – Рамазон Мирзоев, дар Туркманистон – Қозидавлат Қоимдодов, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин – Рашид Олимов ва сафири ҷумҳуриамон дар Белорус – Амирхон Сафаров бозхонд хоҳанд шуд.



Ёдовар мешавем, дар асоси дастури президенти кишвар, ҳар сол як маротиба мулоқоти сарвари давлат бо сафирони Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои хориҷӣ гузаронида шуда, мӯҳлати кори сафир дар як давлат аз 3 сол зиёд нахоҳад буд.





 





 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.