Намояндагони Тоҷикистону Миср дурнамои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 26-уми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ баргузор мешавад. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Ғуломҷон Бобозода ва ҷониби Мисрро вазири […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 26-уми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ баргузор мешавад.




Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Ғуломҷон Бобозода ва ҷониби Мисрро вазири ҳамкории байнулмилалии Миср Файз Абулнаҷо роҳбарӣ мекунанд.



Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаи густариши ҳамкориҳо миёни давлатҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



Ба иттилои манбаъ, гурӯҳии кории Миср аллакай ба Душанбе омада, бо ҳамтоҳои тоҷики худ рӯзномаи ҷаласаи байниҳукуматиро таҳия месозад.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар, соли 2008 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Миср 427,9 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.