Анқариб нисфи корҳои сохтмонии шоҳроҳи Шоҳон-Зиғар дар ҷануби Тоҷикистон ба анҷом расид

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Анқариб нисфи корҳои сохтмонии шоҳроҳи Шоҳон-Зиғар дар ҷануби Тоҷикистон ба анҷом расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳа Исмонқул Шоқулов хабар дод, дар доираи иҷрои марҳилаи дуюми тарҳи мазкур, 4 километри ин қитъаи 10 километраи роҳ дар мавзеи Гулдара ба самти Зиғар сохта шуда, то имрӯз наздики 45 фоизи […]

Пайрав Чоршанбиев










Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Анқариб нисфи корҳои сохтмонии шоҳроҳи Шоҳон-Зиғар дар ҷануби Тоҷикистон ба анҷом расиданд.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳа Исмонқул Шоқулов хабар дод, дар доираи иҷрои марҳилаи дуюми тарҳи мазкур, 4 километри ин қитъаи 10 километраи роҳ дар мавзеи Гулдара ба самти Зиғар сохта шуда, то имрӯз наздики 45 фоизи маблағҳое, ки барои иҷрои марҳилаи мазкур ҷудо гардид, азхуд карда шудааст. Пудратчии асосии ин лоиҳа, ширкати иронии мавсум ба «Собир» мебошад.



Шоқулов мегӯяд, ҳудуди мавзеи кӯҳии Гулдара, ки қаблан аз он Девдара ном мебурданд, қитъаи мушкилтарини шоҳроҳи Шоҳон-Зиғар ба ҳисоб меравад ва барои бунёди роҳи нақлиётгард зарурат пеш омадааст, ки ҷинсҳои кӯҳӣ дар ин мавзеъ то


80 метр

паст фароварда шаванд. «Мутобиқи нақша, марҳилаи дуюми тарҳи сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар бояд моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом бирасад», – гуфт Шоқулов ва ҳамзамон хабар дод, ки марҳилаи сеюми лоиҳа, ки

35 километр

роҳро дарбар мегирад, ибтидои соли равон шурӯъ хоҳад шуд.



Бояд гуфт, барои иҷрои марҳилаҳои дуюм ва сеюми лоиҳаи мазкур 32 миллион доллар ҷудо гардидааст, ки 87 дарсади онро Бонки Исломии Рушд ва танҳо 13 фоизашро ҳукумати Тоҷикистон пардохт кардааст.





 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.