Ш.Зуҳуров: Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мисли пештара кишвари афзалиятнок боқӣ мемонад

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мисли пештара кишвари афзалиятнок боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати сафарбарсозии муҳоҷирон ба кишварҳои дигар феълан чораҳо андешида мешаванд, вале рӯи ин масъала мушкилот мавҷуд аст, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мисли пештара кишвари афзалиятнок боқӣ мемонад.




Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати сафарбарсозии муҳоҷирон ба кишварҳои дигар феълан чораҳо андешида мешаванд, вале рӯи ин масъала мушкилот мавҷуд аст, зеро қаблан оид ба ин масъала танҳо бо Русияву Қазоқистон сарукор доштем. «Барои сафарбарсозии муҳоҷирон ба кишварҳои дигар омодагии ҷиддӣ ва донистани забони кишвари қабулкунанда зарур аст», – гуфт ӯ.



Ш.Зуҳуров зикр кард, ки бо қарори ҳукумат соли гузашта Маркази омӯзиш барои калонсолон ва шӯъбаҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва Конибодом таъсис ёфт ва мувофиқи пешбинии вазорат, соли равон дар ин марказҳо ҳудуди 8,5 ҳазор нафар мутахассиси касбу кори гуногун тайёр карда мешавад.



Вазир бар чунин назар аст, ки феълан дар Тоҷикистон мутахассисони зиёде тайёр карда мешаванд, ки ҷумҳурӣ ба он эҳтиёҷ надорад. «Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 20 ҳазор нафар ҳуқуқшинос тайёр карда мешавад, ки аз ин миқдор ҳамагӣ 5 дарсади онҳо аз рӯи ихтисос ҷойи кор пайдо мекунанд, барои кор дар истеҳсолот бошад, мутахассисон хеле каманд», – гуфт ӯ.

 




Зимни шарҳи масъалаи бозгашти миқдори зиёди муҳоҷирон ба ватан ва таъмини онҳо бо ҷойи кор Ш.Зуҳуров чунин ибрози андеша намуд, ки соли ҷорӣ дар кишвар фароҳам овардани 150-200 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. «Мо умедворем, ки сол то сол шумораи ҷойҳои корӣ дар кишвар афзуда хоҳанд шуд, вале алҳол мо имкон надорем, ки ҳамаи хоҳишмандонро бо ҷойҳои корӣ таъмин созем», – афзуд вазир.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.