Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ инъикоси ғаразомези вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистонро маҳкум месозанд

Душанбе. 31-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории мизи мудаввар бахшида ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва инъикоси он дар ВАО-и ИДМ сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Фахриддин Ҷонмаҳмадов изҳор дошт, ки ахиран дар васоити ахбори умуми Русия бо истинод ба Хадамоти федеролии назорати маводи ншъаовари ФР силсилаи мақолаҳое […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 31-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории мизи мудаввар бахшида ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва инъикоси он дар ВАО-и ИДМ сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Фахриддин Ҷонмаҳмадов изҳор дошт, ки ахиран дар васоити ахбори умуми Русия бо истинод ба Хадамоти федеролии назорати маводи ншъаовари ФР силсилаи мақолаҳое интишор гаштанд, ки муаллифони он вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистонро ғаразомез шарҳ медиҳанд ва он ба воқеияти мавҷуда дуруст намеояд. «Дар бораи гӯё тӯли як шабонарӯз марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур кардани 300 мошини боркаш ва дар ҳар мошини дуввуми он мавҷуд будани маводи мухаддирро бардурӯғ интишор месозанд ва ҳол он ки дар ҳарду самти ин марз шабонарӯзӣ ҳамагӣ 15-20 мошин мегузарад ва он ҳам пас аз санҷиши дақиқи гумрукчиёну марзбонон», – гуфт ӯ.




Ба гуфтаи Ҷонмаҳмадов, дар муддати фаъолияти пули асосии васлкунандаи Афғонистону Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳамагӣ як ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ошкор карда шудааст.



Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мизи мудаввар иштьрок доштанд, аз он изҳори ташвиш намуданд, ки тибқи маълумоти расонаҳои хабарии Русия, гӯё 60 дарсади маводи мухаддир ба Русия тавассути Тоҷикистон интиқол дода мешаваду «пас аз хурӯҷи марзбонони русиягӣ аз Тоҷикистон вазъ муташанниҷ гардидааст». Ҷонмаҳмадов гуфт, агар соли 2005, яъне замони мустақар будани марзбонони рус дар Тоҷикистон каме бештар аз 4,6 тонна маводи мухаддир мусодира шуда бошад, пас солҳои ахир ин нишондиҳанда ба зиёда аз 6 тонна баробар шудааст.



Дар навбати худ муовини вазири умури хориҷии ҶТ Шариф Назаров зикр кард, ки мушкилоти Тоҷикистон дар он аст, ки кишвар яке аз роҳҳои асосии транзити маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва давлатҳои Ғарб боқӣ мемонад. «Аксари ВАО-и Русия дар зеҳни хонандаи рус андешаеро талқин месозанд, ки дар он тоҷик бо маводи мухаддир нисбат дода шудааст, ҳарчанд дар ин тиҷорати ғайриқонунӣ натанҳо тоҷикон даст доранд», – гуфт ӯ.



Дар фарҷоми мизи мудаввар рӯзноманигорон ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод сохтанд, ки зимни сафарҳояшон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Русия, брифингу нишастҳои матбуотӣ доир сохта, вазъи воқеии мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи ҳкумат дар ин самтро шарҳ бидиҳанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.