Намояндагони парлумони Аврупо бо фаъолияти парлумони Тоҷикистон шинос мешаванд

Date:



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сайдулло Хайруллоев ҳайати намояндагони парлумони Аврупоро таҳти сарварии Она Юкневичене ба ҳузур пазируфт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Хайруллоев ба меҳмонон оид ба фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ ва таърихи таъсиси он маълумот дода, изҳор дошт, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ парлумони Тоҷикистон аз таҷрибаи парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо самаранок истифода мебарад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Она Юкневичене аз сохтори парлумони Аврупо ва фаъолияти он ҳарф зада, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи ҳамкории байнипарлумонӣ баҳри таъмини рушд рӯз то рӯз густариш хоҳанд ёфт.




           

Зикр гардид, ки бо дархости меҳмонон намояндагони мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ

 

Шодӣ Шабдолов ва Олимҷон Салимзода ба онҳо роҷеъ ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумоти муфассал пешниҳод карданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...