Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 1 тоннаву 50 кило маводи мухаддирро мусодира карданд

            Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 1 тоннаву 50 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.             Сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Фахриддин Ҷонмаҳмадов дар ҷамъи рӯзноманигрон изҳор дошт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиши ҳаҷми мусодираи афюн ба […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 1 тоннаву 50 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.





           

Сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Фахриддин Ҷонмаҳмадов дар ҷамъи рӯзноманигрон изҳор дошт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиши ҳаҷми мусодираи афюн ба миқдори 86 дарсад ва маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ба андозаи 36,6 дарсад ба қайд гирифта шуд.




           

Ф.Ҷонмаҳмадов гуфт, кормандони агентӣ дар ин давра аз 35 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, ҳудуди 130 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Аз рӯи ин далелҳо 29 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 32-тои онҳо нисбат ба 38 тан ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол шудааст.



Яке аз тафтишҳои пурсарусадо ба парвандаи ҷиноии гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ марбут аст, ки ба ҳайати он шаҳрвандони Нигерия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Филиппин шомил буданд. Қочоқбарони хориҷӣ бо истифода аз хадамоти почтавии


DHL


1 килову


659 грамм

ҳероинро ба Испания интиқол доданӣ буданд. Роҳбари гурӯҳи муташакккили ҷиноятпеша – шаҳрванди Нигерия ба 19 соли зиндон маҳкум гардида, ҳамроҳонаш ба мӯҳлати аз 1 то 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.